Ба Википедия хуш омадед!

донишномаи озод, ки ҳама метавонанд онро вироиш кунанд.

Айни ҳол дар донишнома 94,192 мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.

Тоҷикистон
Санъат
Таърих
Адабиёт

Илм
Ҷуғрофия
Зиндагинома
Ислом

Варзиш
Техника
Математика
Ҳама порталҳо

Эҷоди мақола (тавассути ёрирасон) Роҳнамо Феҳристи Википедияҳо Википедия дар расонаҳо

Мақолаи баргузида

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форс. زکریای رازی) (англ. Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ar-Raziy) — олим, кимиёгар, файласуф, табиб табиатшиноси машҳури асрҳои VIII – IX – и аҳли форсу тоҷик. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд.

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд. Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт, фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони Бағдод хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст. Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ (25 октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст. Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми кимиё равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст.

(бештар...)
Дигар мақолаҳои баргузида (0) | Номзадҳо | Мақолаҳои сол (16) | Дидан

Мақолаи хуб

Эмомалӣ Раҳмон (форс. امام‌علی رحمان; то 21 марти соли 2007 — Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, СССР) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015).

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар гуфт:

Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.

ва дар давоми суханрониаш гуфт:

Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад

(Бештар…)
Дигар мақолаҳои хуб (0) | Номзадҳо | Дидан

Феҳристҳо ва порталҳои баргузида

Феҳристи баргузидаи охирин:
Феҳристи орденҳои ИҶШС
Феҳристи баргузидаи қаблӣ:
Номгӯйи паррандагони Китоби сурхи Тоҷикистон
Дигар феҳристҳо ва порталҳои баргузида | Номзадҳо | Дидан

Нигораи рӯз

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Дидан

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

Ҳамчунин нигаред

Футболбозони машҳури ҷаҳон:



Пешниҳод | Бойгонӣ | Дидан | Баҳс

Рӯйдодҳои ҷорӣ


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар саммити BRICS 2015

Эзоҳ

Пешниҳод | Дигар рӯйдодҳои ҷорӣ | Викиахбор
Шаблон:Рӯйдодҳои рӯз:06-27
Дидан

Ҳамкориҳои ҳафта

Номзадҳо | Бойгонӣ | Дидан

Лоиҳаҳои марбут

Википедиа — лоиҳае аз бунёди ғайри давлатии Викимедиа, ки дорои теъдоди лоиҳаҳои бо якчанд забон ва озод аст:

commons: Викинбор
Анбори расонаҳо
wikt: Викилуғат
Фарҳанги вожаҳо
s: Викинабишта
Матнҳои асл ва сарчашмаҳо
q: Викигуфтовард
Маҷмуаи гуфтовардҳо
n: Викиахбор
Хабарҳо
b: Викикитоб
Китобҳо ва роҳнамоҳои озод
v: Викидонишгоҳ
Сарчашмаҳои омӯзишӣ
wikispecies: Викинамуд
Намудҳои биологӣ
m: Фаро-вики
Ҳамоҳангкунандаи лоиҳаҳо
Викидода
Пойгоҳи дониш
Викисафар
Роҳнамои сафар
m:incubator: Рушди Викимедиа
Фаслҳои забонии нав

Забонҳои Википедия

Сафоратхона / Embassy — Бунёди Викимедиа Тамос — Дигар фаслҳои забонӣ
This article is issued from Wikipedia. The text is licensed under Creative Commons - Attribution - Sharealike. Additional terms may apply for the media files.